Дар Ӯзбекистон рӯзи 5 июн Иди Рамазон таҷлил мешавад

Дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон рӯзи чоршанбе- 5 июн Ид ал-Фитр ва рӯзи истироҳат эълон шуд.

Дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон рӯзи чоршанбе- 5 июн Ид ал-Фитр  ва рӯзи истироҳат эълон шуд.

Дар қарори ҳукумати Ӯзбекистон, ки Шавкат Мирзиёев имзо кардааст, таъкид шудааст, ба ин муносибат рӯзи истироҳат аз шанбеи 1 июн ба рӯзи панҷшанбе-6 июн гузаронда мешавад.

Дар қарори ҳукумат омадааст: “Иди мубораки Рамазон барои мардуми мо айёми муқаддас ҳисоб ёфта, мардумро ба меҳру муҳаббат ба ҳамдигар ва саховатмандӣ фаро мехонад”.

То ҳол Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон таърихи Иди Рамазонро дар кишвар эълон накардааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.