Дарди дили бачабоз

Салом редаксияи азиз. Ман як ҳамватани бадбахту сарсони шумо ҳастам ва айни замон паноҳгоҳи сиёсӣ гирифта, дар хориҷи дур зиндагӣ дорам.

Мехоҳам қиссаи пур аз дарду ғами худро тариқи газета ҳикоят намоям, то ба дигар мардҳои тоҷик дарси ибрат шавад ва хатоеро, ки ман дар зиндагӣ содир намудам, ҳаргиз такрор накунанд, чунки ин роҳи ҳаром роҳи ғалат буда, касро ба кӯйи бадбахтию бадномию нокомӣ мебарад.

 Ман як аблаҳ , худозада ва беимон ҳастам. Гуноҳи разилонаи ман ин аст, ки бо мардҳо ишқварзӣ намуда, мисли зан бо онҳо дар як болин сар мегузорам. Чунон ба васвасаи шайтон дода шудаам, ки агар як рӯз ин кори ҳаромро накунам, бемор мешавам. Ҳама маро “голубой” мегӯянд, вале дигар ба ин калимаи таҳқиромез аҳамият намедиҳам, чунки ин ҳақиқат аст. Ҳақиқати талхи ҳаёти сагонаи мани рӯсиёҳ!

              Се шавҳар дорам, вале…

Зоҳиран як ҷавони зебо ҳастам, метавонистам оилаи солим барпо намуда дар зиндагӣ такягоҳи зане гардам ва соҳиби фарзандони дӯстрӯяк шавам, аммо мани аблаҳ аз кӯчаи одамгарӣ баромада, ба роҳи ҳароме рафтам, ки нангу номус ва шаъну шарафи мардро ба хоки сиёҳ яксон мекунад.

Дар замони мо мардҳои дузанаю сезана бисёранд, вале ман шояд ягона марде бошам, ки се шавҳар дорад. Яке аз онҳо ҳамсояамон аст ва чизеро бароям дареғ намедорад. Медонам, ки бо мард ишқварзӣ кардани мард гуноҳи азим аст. Медонам, ки аз пушти ин амал инсон дар ин дунё шармандаю рӯсиёҳ гашта, баъди марг ба азоби дӯзах гирифтор мешавад ва ҷисми манфураш то ҷовидон дар оташи сӯзони ҷаҳаннам месӯзад, вале ҳарчанд кӯшиш мекунам, аз ин кори ҳаром даст кашида наметавонам.

“Одноклассники” ҳаётамро сӯхт

Медонед маро чӣ ба ин ҳол расонд? “Одноклассники”. Бале, маҳз ҳамин шабака ҳаётамро сӯхту шаъну шараф ва нангу номусамро барбод дод. Дар ин шабака аз рӯйи шавқи ҷавонӣ чанд суратамро партофтам. Азбаски чеҳраи бисёр зебо дорам, бисёриҳо дар поёни аксҳоям коментария навишта, маро ба саҳифаи шахсияшон даъват мекарданд. Рӯзҳои аввал суханҳои ошиқонаро аз забони бачаҳои ҳамсинну соли худам шунида, шок мешудам. Яке “биё, арӯси ман шав” мегуфту дигарӣ аз ман талаб мекард, ки иқрор шавам дар кадом нақш ҳастам. Ҳарчанд ба онҳо мефаҳмондам, ки дар ягон нақш нестам, бовар накарда: “Уни” бошӣ, ҷӯра мешавем” мегуфтанд. Мани сода маънии ин калимаро нафаҳмида, рақамҳои телефонамро ба яке аз ҳамон ошноҳои аз “Одноклассники” ёфтаам, ки Шавкат ном дошт, додам…

Ман чӣ тавр “уни” шудам

Шавкат нимаи шаб ба ман занг зад. Мо хеле аз ину он суҳбат кардем.  Вақте “уни” чист гуфта пурсидам, Шавкат гуфт, ки “уни” аз калимаи “Универсал” гирифта шуда, маънояш мубошират намудани мард бо мард аст ва пешниҳод кард, ки як бор санҷида бинам. Ба ғазаб омада, ӯро дашном додам, вале баъди чанд ҳафтаи суҳбатҳо кадом як қувваи ноаёни шайтонӣ маро ба васваса андохт ва дар иҷорахонааш бо Шавкат вохӯрдам…

Пас аз Шавкат боз бо ду се ҷавони дигар ишқварзӣ карда, оҳиста-оҳиста ман ба ин кори ҳаром одат намудам. Аниқтараш ба дарди бедавое гирифтор шудам, ки номаш ҳамҷинсгароӣ мебошад.

Бе падару дар ба дар

Аслан, сабаби тамоми нокомиҳои ман дар зиндагӣ ятимӣ аст. Падарам барвақт аз олам гузашту бори гарони зиндагӣ бар дӯши модари танҳоям бор шуд. Очаи бечораам рӯз то бегоҳ дар бозор савдо карда, ману ду хоҳараки хурдсоламро мехӯронд. Азобҳои модарамро дида, баъди синфи 9-ум аз мактаб баромадам, то каме ҳам бошад, дар кашидани аробаи зиндагӣ ёрӣ расонам. Дар яке аз тарабхонаҳои шаҳр пешхизмат шуда кор мекардам. Соҳиби тарабхона марди ғамхор ва меҳрубону саховатманде буд. Падар надоштанамро фаҳмида, маоши маро нисбат ба дигар пешхизматон бештар медод, вале мани ахмақ нони ҳалолро монда, аз паси нони ҳаром рафтам ва ҷазоямро дидам…

Як шаб дар дӯзах

Дар тарабхона то як поси шаб кор карда, баъди соати 12 ба хона мерафтем. Моҳи марти соли 2015 як шаби боронӣ аз тарабхона баромада, хостам пиёда то роҳи калон равам, вале баногоҳ як мошини хориҷии шишаҳояш сиёҳ дар наздам истод. Ронанда оинаи мошинро поён карда гуфт: “Бишин, то манзилат мебарем!”

Бехабар аз он ки мақсади онҳо «постава» аст, хурсанд шуда ба мошин нишастам. Ронанда танҳо набуд. Дар мошин боз се ҷавони ҳузарб нишаста буданд. Яке аз онҳо ба ман маънидорона нигариста гуфт:

-Дар “Одноклассники” шинос шида будем, патсан, ёдут нест?

Ба чеҳрааш назар карда гуфтам, ки ӯро бори аввал мебинам.

-Хуршед “Бродяга” ёдут биёр, то нимаҳои шаб гап мезадем-ку! Навиштагиёт ба мара ҳастай,-хирагӣ кард ҷавон.

Китф дарҳам кашида гуфтам, ки ман дар ин шабака як дунё “друзя” дорам, кадом яктои онҳоро дар ёдам бигирам…

-Ҳоли намешиносум бугу, ихел бошад, тамошо ку, да к….. бутулка назадм, одам набошм,-таҳдид кард ҷавони бузбала.

Аз ваҷоҳаташ пай бурдам, ки вай шӯхӣ накарда истодааст, ба зорӣ даромада гуфтам:

-Ака, ман чӣ гуноҳ кардам, ки ин хел гуфта истодаед. Дар хона модарам маро интизор аст, мошинро нигоҳ доред, фаромада пиёда меравам…

-Очата дар хови шабут мебинӣ! Петух , ман кайҳо дар қасди ту будум,  тамошо кун гей, ки ма тура чӣ кор мекунум,-дандонҳояшро ғиҷиррос занонда гуфт он буққа….

    Мани худобехабар танҳо баъди ба доми аҷал афтидан Худоро ба ёд оварда, мисли мӯйи дар оташ афтида печутоб мехӯрдам ва дар дил аз парвардигор илтиҷо мекардам, ки ягон фариштаи наҷотбахшро ба имдод фиристад ва аз чанголи ин буққаҳо халосам кунад, вале аз афташ гӯши Худо низ нолаҳои зори мани рӯсиёҳро намешунид. Мошин чанд маротиба гоҳ ба росту гоҳ ба чап тоб хӯрда, ниҳоят дар назди як бино истод ва он буққаҳо маро кашолакунон фароварданд. Борон чунон бошиддат меборид, ки гумон мекардӣ ҳозир туфони Нӯҳ бархоста замину замон зери об мемонад. Дар зери селборон он чор ҷавон чуноне, ки гӯсфанди қурбониро кашолакунон мебаранд, ҳамон тавр маро кашола карда, ба таҳхонаи бино дароварданд.

-Либосҳояшро кашед!-Амр кард ҳамон марди тануманде, ки худро Хуршед-бродяга меномид ва гӯё дар сомона бо ман шинос шуда будааст.

Ба пеши пояш афтида зорӣ кардам:

-Ака, илтимос, маро сар диҳед, охир модарам дар бисоташ  ҳамагӣ як писар дорад. Шумо маро ба хорию зорӣ кушед, ҳоли вай чӣ мешавад. Магар аз оҳи дили як зани бепаноҳ наметарсед, ки ин корро мекунед. Ман ба шумо ягон бадӣ накардаам, барои чӣ маро ҷазо додан мехоҳед. Аз Худо наметарсед, ки ин корро мекунед…

-Номи Худоро ба забон нагир, ки ҳозир забонатро аз ҳалқат кашида мегирам! Туро садқаи номи Худо кунад, бе шарафи ҳайвонбашара,-дод зад яке аз он мардҳо ва сӯйи ҷавонмарде, ки вақти маро ба таҳхона овардан дар сари чанбараки мошин нишаста буд, чашмак зада гуфт:

-Салоҳ, ҳамон бутилкаи дишаба дар куҷо буд? Як бор ба ин маймун чӣ будани дунёро фаҳмонем!

Номи бутилкаро шунида дар андомам ларза афтид ва девонавор фиғон кашидам:

-Дунё бе соҳиб нест, агар ин корро кунед, ҳамаатонро суд мекунам. Умратонро дар паси панҷара мегузаронед…

-Ин мокиён боз шарм надошта қут-қут мекунад-а! Канӣ шербачаҳо, адаби ин худозадаро диҳед,-амр кард Хуршед-бродяга.

Се буққаи ҳамроҳаш даст ба рементҳояшон бурданд. Дарк намудам, ки агар нагурезам, аз дасти ин одамон ҷон ба саломат намебарам, ҳарчи бодо бод гӯён, охирин қуввату мадорамро ҷамъ кардам ва силтав зада, дастонамро аз дасти ду буққае, ки маро сахт дошта буданд, раҳо карда рӯ бе гурез ниҳодаму худро аз таҳхона ба берун задам….

-Гурехт лаънатӣ, гурехт! Зудтар ӯро доред, агар халос шавад, сарамон дар бало мемонад,-бо тамоми овоз дод зад “Бродяга”

Шаб чунон торик буд, ки кас пеши пояшро дида наметавонист, болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, борон ҳамоно бошиддат меборид, вале ба зулмати шаб ва обу лой нигоҳ накарда, мани аз аҷал гурезон ҷонҳавл медавидам, то аз дасти он ғулҳои дупо раҳоӣ ёбам, аммо онҳо мисли селаи гургҳои гурусна сайдашонро аз даст додан нахоста, ҳамоно аз пуштам медавиданд.

-Зан, очағара зан, ки халос мешавад,-фиғон кашид “Бродяга” ва касе аз ҳамроҳонаш бо калтак ба сарам чунон сахт зад, ки аз ҳуш рафтам….

хххххх

Вақте ки ба ҳуш омадам, боз дар ҳамон таҳхона будам. Он чор буққа бо мани беҳушу бе ёд чӣ кор карданд, намедонам, вале вақте ки чашмонамро кушодам, пиво нӯшида, масхарабозӣ доштанд.

-Бин, ин гейи худозадая дар телефонам “съёмка” кардам, ҳозир дар “одноклассники” мепартоем, рафиқош дида, роҳат мекунанд,-масхараомез гуфт яке аз он буққаҳо.

-Ту девона шудаӣ сағера ё қаврта бо дасти худут кандан мехоҳӣ, ягон мент ҳамин наворора бина, ай таги замин ҳам боша, мора меёбанд,-сарзаниш кард рафиқашро “Бродяга”

-Рост мега, видеои ин гея тез ай телефонут тоза кун, ки ягон балои дигара ба сармон набиёра,-гуфтаҳои Бродягаро қувват дод дигарӣ.

Оне, ки маро ба навор гирифта будааст, дилу бедилон наворҳоро аз телефонаш тоза кард ва ба “Бродяга” рӯ оварда гуфт:

-Акнун ин петуха чӣ кор мекунем? Луб-луч карда кӯчада сар тием, бисёр зӯр мешава…

Дар ҳоле, ки ҷон ба лабам расида буд, нолиш карда гуфтам:

-Дониста монед, агар ҳамин хел лучи модарзод маро ба кӯча сар диҳед, худамро мекушам ва пеш аз маргам хатча навишта ҳамаашро мегӯям. Бигзор ман мурда равам, вале шумо ҳам бе ҷазо намемонед…

Намедонам аз таҳдиди кардаам тарсиданд ё дилашон ба ман сӯхт, ки аз кадом кунҷи таҳхона як либоси пур аз чирк ва бетонолударо ёфта оварданд ва он шиму куртаро ба сӯям ҳаво доданд.

-Дониста бош гей, агар ба ягон ҷо шикоят кунӣ, зинда намемонӣ,-Таҳдид намуд “Бродяга” ва гӯё ягон кори қаҳрамонона карда бошад, ҳамроҳи буққаҳояш бо виқор аз таҳхона баромад…

ххххххх

Вақте ки он либосҳои бадбӯйро пӯшида аз таҳхона баромадам, аллакай на аз мошин дарак буд ва на аз он буққаҳо. Азбаски шим бениҳоят калон буд, бо як дастам банди шимро дошта, ба роҳи калон баромадам ва таксиеро киро карда, худамро ба хона расондам. Модарам ҳанӯз хоб буд, ӯро нофор кардан нахоста нӯг-нӯги по қадам зада ба ҳамом даромадам. Он либосҳои бадбӯйро кашида ба як селофан андохтам ва сару танамро шуста либоси тоза пӯшидам. Баъди шустушӯй кардан селофанро бо либосҳои бадбӯй аз тиреза ба партовгоҳ ҳаво додам ва ба хонаи хобам даромада, худро ба бистар партофтаму як ҳафтаи дароз аз хона набаромада ба ҳоли худам зор-зор гиря кардам…

ххххх

Албатта ман метавонистам аз болои касоне, ки азобам доданд, шикоят кунам, то ки онҳоро ёфта ба ҷавобгарӣ кашанд, вале ин корро накардам, чунки аздусар сирру асрори кирдори ҳароми худам ҳам фош мегашт ва шармандаи дӯсту душман мешудам. Ҳодисаи он шаб бо ман рӯйдодаро ба ягон кас, ҳатто ба модарам ҳам нагуфта, чиптаи ҳавопаймо харидам ва бо баҳонаи коркунӣ аввал ба Русия, аз он ҷо баъди қариб як сол Фаронса омадам. Бо сад машаққат забони фаронсавиро омӯхта, дар як тарабхона ба кор даромадам. Зиндагиам дар ин ҷо чандон бад нест, вале дилам ба ёди модарам гум мезанад. Мақсади ман аз нақл кардани сарнавишти пурдардам он аст, ки дигар ҷавонони тоҷик хатои мани беақлро дар зиндагӣ такрор накунанд. Роҳи ҳароме, ки ман аз аблаҳӣ ба ин роҳ рафтам, ба ҷуз бадбахтӣ, рӯсиёҳӣ ва гумномӣ дигар чизе намедиҳад. Мани аблаҳ ҳаёти худро, имрӯзу фардои худро бо дасти худам сӯхтам. Бо дасти худ аз модару аз Ватан худро маҳрум намудам. Илтимос, хатои маро такрор накунед. Мард будан шараф аст, номусу шарафи мардиатонро барбод надиҳед!

Бо эҳтиром: Саид, аз Фаронса

Р.S

Ба хотири паст назадани шаъну шарафи инсонии қаҳрамонон номҳояшон тағйир дода шудааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

7 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *