Даргузашти Абдуқодири Раҳим – шоир ва рӯзноманигори шинохта

Имрӯз, 12 сентябр дар шаҳри Душанбе пас аз бемории кӯтоҳмуддат қалби шоир ва рӯзноманигори шинохта Абдуқодири Раҳим аз тапидан бозмонд. Марҳум 64 сол дошт.

Хабари марги шоирро пайвандонаш ба pressa.tj хабар доданд. Гуфта мешавад, ки чанд рӯзи охир шоир дар Беморхонаи “Советсктий”-и шаҳри Душанбе бистарӣ буд.

Абдуқодири Раҳим 17 январи соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявии ноҳияи Ленин (Рӯдакӣ) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ( дар гузашта УДТ ба номи В.И.Ленин) буда, ба ҳайси муҳаррири телевизиони тоҷик, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (Нуробод), хабарнигор, котиби масъули рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ , муҳаррири калон, мудири шӯъбаи маҷаллаи «Фарҳанг», хабарнигор, мудири шуъбаи фарҳанги нашрияи «Ҷумҳурият» фаъолият дошт.

Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури «Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Нусхаи парешонӣ», «Рӯшноӣ», «Фиреби меҳр», «Хилвати Ойина», «Духтари афсонаҳо», «Пайванди марзҳо ва дилҳо», «Ашки сари мижгон», «Назари лутф», «Дрмани абр», «Оби дари хона тира нест», «Рангҳо», «Роҳи ашк», «Шод зӣ, шод!», «Роҳи ашк», «Таронаҳои худрӯ» гирд омадаанд.

Маросими видоъ бо Абдуқодири Раҳим 13 сентябр, дар назди хонааш – кӯчаи Ҳувайдуллоев (канори маркази савдои “Ёвар”) баргузор мегардад.

Намози ҷанозаи марҳум соати 09:00 дар масҷиди воқеъ дар пушти бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон хонда мешавад.

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи pressa.tj аз марги нобаҳангоми Абдуқодири Раҳим андӯҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *