Даргузашти Чуркин як рӯз пеш аз мавлудаш

Виталий Чуркин, сафири Русия дар Созмони Милал даргузаштааст. Вазорати корҳои хориҷии Русия  20-уми феврал бо нашри баёнияе дар вебсайти расмии худ хабар дод, ки Виталий Чуркин, як рӯз пеш аз 65-солагиаш дар шаҳри Ню Йорк даргузаштааст.Владимир Сафронов, муовини сафир ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ки Виталий Чуркин дар дафтараш дар қароргоҳи Созмони Милал бемор шуд ва ӯро ба шифохонаи Коламбия Пресбайтериан бурданд ва ӯ дар онҷо даргузашт. Бемориашро эълон накардаанд.Виталий Чуркин яке аз дипломатҳои собиқадори рус дар гузашта сафир дар Канада, Белгия ва намоянда дар НАТО будааст. Ӯ аз соли 2006 сафири кишвараш дар Созмони Милал буд ва бо баҳсҳои тунду тезаш бо дипломатҳои ғарбӣ шинохта шудааст. Забонҳои муғулӣ, фаронсавӣ ва англисиро хуб медонист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *