Даргузашти диктори машҳури барномаи «Время»

Игор Крилов, диктори телевизиони марказии СССР дар синни 89 вафот кард. Ӯ 14 сентябри соли 1932 дар Москва дар оилаи хизматчии ҳарбӣ таваллуд ёфтааст. Омузишгоҳи театрии ба номи Щепкинро хатм кардааст.

Барандаи маъруфи телевизиони шӯравӣ ва русӣ, диктори Телевизиони марказии СССР Игор Кириллов дар синни 89-солагӣ даргузашт. Кириллов 14 сентябри соли 1932 дар Маскав дар оилаи низомиён таваллуд шудааст. Омузишгохи театрии ба номи Щепкинро хатм кардааст. Ӯ ду сол ҳамчун ҳунарпеша кор кард, аммо дар соли 1957 дар маркази телевизионии Шаболовский ба кор оғоз кард. Ӯ аввал ба ҳайси ёрдамчии режиссёр, режиссёри саҳна фаъолият дошт. Баъдан вай дар озмуни дикторҳо  ғолиб омада, ба эфир баромад.

Вай дар телевизиони марказии СССР шореҳ, чун барандаи барномаҳои фароғатӣ кор кардааст. Кириллов зиёда аз 20 сол боз диктори барномаи «Время» буд. Вай ба ҷои роҳбарияти кишвар аксар вақт бо паёми солинавӣ ба мардум ҳарф мезад. То соли 2006 ӯ ҳамасола парадҳои Рӯзи Ғалабаро дар рӯзи 9 май пахш мекард. Артисти Халкии СССР буд ва садои  ба осонй шинохташаванда дошт

Чанде пеш Кирилов ба ҳайси мушовири Сарраёсати бақайдгирии ҳавоии Канали якум кор мекард. Игорь Кирилов барои кораш дар барномаи «Время» бо ордену медальхо, Мукофоти давлатии СССР мукофотонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *