Даргузашти довари байналмилалӣ Нуралӣ Одинаев

Нуралӣ Одинаев, яке аз чеҳраҳои собиқадори варзиши Тоҷикистон, устоди варзишу довари байналмилалӣ аз олам даргузашт. Ӯ 87 сол умр дошт ва дар миёни доираҳои варзишӣ чун Нур машҳур буд.

Гуфта мешавад, ки марҳум аз устодони аслии волейболбозони тоҷики замони шӯравӣ ва истиқлол дар Тоҷикистон шинохта мешуд. Солҳои охир дар кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия фаъолият дошт.

Раёсати донишгоҳ аз даргузашти Одинаев изҳори ҳамдардӣ карда, зикр намудаст, ки марҳум тамоми умри худро ба варзиши волейбол бахшид.

Дар донишгоҳи мазкур Нуралӣ Одинаев аз соли 2002 то 2008 дар вазифаҳои омӯзгор, мураббӣ ва сипас мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ кор кардааст. Аз соли 2008 то соли 2024 муаллими калони кафедра буд.

Бо роҳбарии ӯ дастаҳои волейболбозони Донишгоҳи славянӣ борҳо ғолиби чемпионати ҷумҳуриявӣ дар риштаи волейбол гардидаанд, дар мусобиқоти шаҳрию минтақавӣ низ шикаст надида буданд.

Нуралӣ Одинаев соли 1962 устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравиро гирифтаааст. Ҳамчунин, Аълочии маориф, довари дараҷаи байналмилалӣ ва Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *