Даргузашти ду роҳбар, ду ғамхори муҳоҷирон

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз даргузашти ду роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Русия хабар дода, изҳори ҳамдардӣ кардааст

Дард. Ин як калимаи оддист, вале, чигуна маъноеро дар худ ғунҷонидааст. Ва ҳамин дард моро ба ҳам қарину ва аз ҳам дур месозад. Ва марги соҳибдилону хайрхоҳону мададгорону рушанзамирон дардест басо бузургу синасӯзу ҷонкоҳ. Даргузашти ду марди шарифу хайрпеша ҳамеша бори сангину нангинест барои ёру дӯстону миллат.

Аз даргузашти ду роҳбари ҷамъияти тоҷикон дар Русия мо сахт андӯҳин буду ба пайвандонашон сабри ҷамил хоҳонем. ва дар ҳамин замина намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия бинобар марги нобаҳангоми роҳбари ҷамъияти минтақаии тоҷикони шаҳри Дзержинскии вилояти Нижний Новгород Мирзоев Мутрибшоҳ Юсуфшоевич изҳори таассуф кардааст. Дар мавриди иллати фавт чизе гуфта нашудааст.

Дар таслиятномаи Вазорат таъкид шудааст, Мутрибшоҳ Мирзоев, ки роҳбарии созмони «Умед»-ро ба уҳда дошт, дар муаррифӣ ва дастгирии муҳоҷирони корӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ саҳми арзанда гузошта, барои ҳалли мушкили ҳамватанон мусоидат мекард.

Изҳори ҳамдардӣ: Ёдашон ба хайр бод!!!

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират вобаста ба марги нобаҳангоми роҳбари Ҷамъияти минтақавии тоҷикони шаҳри Дзержинскии вилояти Нижний Новгород «Умед» Мирзоев Мутрибшоҳ Юсуфшоевич изҳори ҳамдардӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки мавсуф дар хориҷи кишвар ҷиҳати муаррифӣ ва дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ саҳми арзанда гузошта, пайваста…

Инчунин зикр шудааст, ки чанде қабл роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Химкии вилояти Маскав Ҳомидов Тошмурод Иброҳимович аз бемории саратон даргузаштааст.

Намояндагӣ аз хизматҳои Тошмурод Ҳомидов барои муҳоҷирони меҳнатӣ, донишҷӯёни тоҷик ва муаррифии таъриху фарҳанги тоҷик дар хориҷи кишвар тавсиф кардааст.

Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба наздикони роҳбарони марҳуми ҷамъияти тоҷикон Ҳомидов Тошмурод Иброҳимович изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *