Даргузашти модари генерал Саидов

Модари генерал-майор Муродалӣ (Мурод) Саидов, сардори Хадамоти амнияти Президенти Тоҷикистон рӯзи 10 сентябр дар синни 97-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Модари Мурод Саидов дар ноҳияи Восеъ зиндагӣ мекард.

Генерал-майор Мурод Саидов зодаи ноҳияи Восеъ буда, солҳои зиёде боз роҳбарии Хадамоти амнияти Президентро бар уҳда дорад.

Писари 30-солаи ӯ Дилшод Саидзода, ки дар Вазорати молия кор мекунад, дар интихоботи парлумонии 1 март аз ҳавзаи №4-и ноҳияи Шоҳмансур вакили маҷлиси шаҳри Душанбе интихоб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *