Даргузашти нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Гули Зард

Нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Гули Зард (Зардова Гулӣ Давлаталиевна) 9 декабр дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.

Хабари марги ӯро дӯстону наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи наздикон, Гули Зард солҳои охир аз бемории саратон ранҷ мекашид. Ӯ чанд моҳ пеш ҷарроҳӣ шуда, дар бинои 10-уми бемористони “Шифобахш” бистарӣ буд.

Гули Зард дар фаъолияти эҷодии худ бештар ба масоили иҷтимоӣ, бахусус ҳуқуқу ҳимояи занон рӯ оварда буд. Муаллифи китобҳои «Бодоми шириндона», «Дард», «Ашки аҷал», «Хазонрези орзуҳо», «Ишқи духтари пистафурӯш» ва чанд асари дигар мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *