Даргузашти оҳангсози маъруф Зокир Нишонов

Композитори шинохтаи тоҷик Зокир Нишонов имрӯз дар синни 80-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Хабари марги бастакорро аз Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба pressa.tj расониданд.

Зокир Нишонов 6.05.1942 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода аст. Фаъолияти кориашро аз Театри академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ оғоз карда, баъдан дар Кумитаи телевизион ва радиои кишвар идома медиҳад.

Аз соли 1976 роҳбарии ансамбли «Орзу»-и “Тоҷикгосконсерт”-ро ба уҳда дошт. Солҳои тӯлонӣ директори мактаби мусиқии №3-и ба номи А. Ленскийи шаҳри Душанбе буд.

Соли 1994 ҷоизаи Озмуни асарҳои мусиқӣ барои оркестри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб мегардад. Барои ин оркестр вай 8 марш навиштааст.

Аз соли 1993 то 2005 ба сифати дирижёри ҳарбӣ, солҳои 2005-2009 роҳбари бадеӣ ва дирижёри оркестри созҳои халқии Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор мекунад. Аз соли 2009 ба ҳайси мушовири ансамбли эстрадии «Гулшан» кор мекунад.

Зокир Нишонов дар сабкҳои мухталиф суруд эҷод кардааст, вале сарояндагони ансамбли “Гулшан” сурудҳои ӯро бо маҳорати тамом иҷро кардаанд. Номбурда барои намоиши театрҳо низ асарҳо навиштааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.