Даргузашти тарҷумони ӯзбекии осори Румиву Аттор

Имрӯз дар шаҳри Тошканд Шоири халқии Ӯзбекистон Ҷамол Камол аз олам даргузашт. Марҳум осори зиёди адибони форсу тоҷикро ба ӯзбекӣ тарҷума карда буд.

Ҷамол Камол соли 1938 дар деҳаи Чикарони ноҳияи Шафаркони вилояти Бухоро дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Аз сабабе, ки волидайнаш барвақт аз олам гузаштанд, ӯ дар тарбияи амакаш ба воя мерасад. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Донишкадаи омӯзгории Бухоро аст.

Дар рӯзномаи вилоятии «Бухорои Ҳақиқатӣ» кор кардааст (1965-1969). Аспирантураи Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро хатм карда, дар мавзуи «Композитсия дар шеъри лирикӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

Котиби иҷроияи Бахши минтақавии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон (1970–1972) ва баъдан раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон буд.

Аввалин маҷмӯаи шеъраш «Ҷаҳон дар дили ман” соли 1968 нашр шудааст. Пас аз ин маҷмӯаҳои зиёди шоир дастраси алоқамандони ашъораш гардидааст. Ҷамол Камол яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти ӯзбек аст.

Ҷамол Камол тарҷумони бомаҳорат низ буд. Дар баробари тарҷумаи осори адибони Ғарб, пораҳо аз “Маснавии маънавӣ” ва бахше аз “Девон”-и Мавлоно, “Мантиқ-ут-тайр”-и Аттор, “Асрорнома”, “Илоҳиётнома” ва осори Абдураҳмони Ҷомиро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи китоби Радий Фиш «Ҷалолиддин Румӣ» ва романи “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *