Даргузашти ҳунарманди машҳур

Шридевӣ Капур, яке аз маъруфтарин ҳунарпешаҳои Ҳинд, ки дар аҳди шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳам маъруф буд, дар синни 54-солагӣ даргузашт.

Ӯ бар асари сактаи қалбӣ дар шаҳри Дубай рӯзи якшанбе 25-уми феврал ҷон додааст. Ҳунарпеша ҳамроҳи шавҳару духтараш барои ширкат дар ҷашни арӯсии ҷиянаш ба Дубай рафта будааст. Марги ҳунарпеша, дӯстону наздикон ва мухлисони ӯро бисёр ғамгин кард. Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд ба хешовандони Шридевӣ изҳори ҳамдардӣ кард.Приянка Чопра , ҳунарпешаи ҳиндӣ баъди шунидани ин хабар дар Твиттер навиштааст: “Ман лол мондаам, ба ҳамаи онҳое, ки Шридевиро дӯст медоштанд, изҳори ҳамдардӣ мекунам. Имрӯз рӯзи сиёҳест“.Шридевӣ, ки номи комили замони кӯдакиаш Шрӣ Амма Янгер Аяпан буд дар аёлати ҷанубии Тамил Наду ба дунё омада ва аз 4-солагӣ ба саҳнаи синамо қадам ниҳодааст. Чиҳил сол боз дар Ҳинд нақш иҷро мекард. Баъди кор дар киностудияҳои минтақавӣ соли 1979 ба Болливуд роҳ ёфт.Пункеҷ Кҳарбанда, менеҷери собиқаш ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки ҳангоми марг шавҳараш сари болини ӯ будааст. Ҳунарпешаи маъруфро бештар аз ҳама бо филмҳои “Чандӣ”, “Мистер Индиа”, “Мавалӣ” ва “Тӯҳфа” мешиносанд, ки ҳаводорони зиёде дошт. Нақши ӯ дар филми “Садма” дар соли 1982 таҳсини зиёде шунидааст. Ӯ дар ин филм, нақши занеро иҷро мекунад, ки хотираашро гум кардааст ва аз он ранҷ мекашад.

Маъмурони пулис дар назди хонаи Шридевӣ дар шаҳри Бомбай сафарбар шудаанд, то издиҳоми бузурги мардумро назорат кунанд. Интизор меравад, ки бисёриҳо инҷо мунтазири ҷасади ӯ бимонанд, ки қарор аст, рӯзи 25-уми феврал ба Ҳинд биёранд ва баъдан бар тибқи ойинҳои мардуми онҷо бисӯзонанд.Яке аз мухлисонаш ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, ки Шридевӣ барояш мисли Амитабҳ Бачан, ҳунарпешаи бузурги дигари Ҳинд маҳбуб аст. Вимал Хандакада гуфтааст, “Ман мухлиси ҳамешагии ӯ будам ва иҷрои ӯро бисёр дӯст медоштам. Ман инҷо мемонам, ки бо ӯ видоъ кунам.”Шридевӣ барои саҳмаш дар арсаи синамои Ҳинд ҷоизаи Падма Шри, чаҳорумин ҷоизаи бузург дар кишварашро ба даст овардааст. Ӯ дар 300 филм нақш иҷро кардааст ва қарор буд, ки нахустин ҳунарнамоии духтари калониаш Ҷанвиро дар Болливуд бубинад.Раҷив Масанд, мунтақиди синамо гуфтааст, ки ёди Шридевӣ дар хотираҳо мемонад. Ӯ афзудааст, ҳеҷ гоҳ чунин инсони шармгинеро надида буд, ки дар назди камера ҳунари зотиашро ба таври ҳайратангез нишон медод. Шавҳари Шридевӣ Бонӣ Капур, продюссери филмҳо аст ва аз ӯ ду духтар боқӣ монд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *