Ҳушдор ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муҳоҷиронро ҳушдор медиҳад, ки аз моҳи феврали соли 2024 дар қаламрави Русия растании «ҳазориспанд» ба руйихати растаниҳои дорои маводи мухаддир дохил карда шудааст.
Бинобар ин, гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи ин растанӣ бо мақсадҳои шахсӣ ва тиббӣ манъ буда, тибқи моддаи 231 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия, ҷазо дар шакли ҷарима ё ҳабси маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ихроҷ аз қаламрави ин давлат татбиқ карда мешавад.
Дар сурати аз меъёри пешбинишуда зиёд будани растании «ҳазориспанд» нисбати интиқолдиҳанда ҷарима ба маблағи 1 миллион рубли русӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.
Вобаста ба ин, вазорат аз шаҳрвандон хоҳиш кардаааст, ки аз истифодаи растании «ҳазориспанд» дар ҳудуди Федератсияи Россия ва интиқоли он ба ин кишвар худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ