Дашному озори модар ду сокини Душанберо паси панҷара бурд

Ҳанӯз ҳам дар кишвар афроде ёфт мешаванд, ки даст ба гиребони модари худ зада, озору дашном медиҳанд.

Мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе  дар доираи баррасии   арзи шаҳрвандон, муроҷиати як нафар модари солхӯрдаеро мавриди чораҷӯӣ қарор додаааст. Ба иттилои РВКД дар Душанбе, модари пиронсол аз дасти фарзанди 48 — солааш озор дидааст.

“Дар доираи санҷиши муроҷиат муайян карда шуд, ки фарзанди пиразани солхӯрда шаҳрванд Латифов Абдуҷаббор Раҷабович, санаи таваллудаш 29.09.1973, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи Ғафуров буда, баъди ба мақомоти милитсия дастрас гардидан охирон ҳолати кор мавриди таҳқиқ қарор гирифт. Тавре муайян гардид, дар ҳақиқат шаҳрванд Латифов Абдуҷаббор санаи 10 декабри соли ҷорӣ зимни қарордошт дар манзили истиқоматиаш бо модараш ҷанҷол намуда, мавриди дашному ҳақоратҳои қабеҳ қарор додаааст. Номбурда ба гуноҳи содирнамудааш иқрор гардида, дар доираи чорабиниҳои профилактикӣ изҳор дошт, ки минбаъд ба ин гуна аъмоли зиддиқонунии шармовар даст нахоҳад зад”- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Нисбат ба Латифов Абдуҷаббор тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Ҳамзамон, дар доираи муроҷиати як нафар модари дигар – пиразани 76 сола фарзанди ӯ  Самадов Довар Валиҷонович санаи таваллудаш 11.02.1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино, кӯчаи А.Ғуломов дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

Муайян гардид, ки дастгиршуда Самадов Довар дар ҳолати мастӣ зимни қарордошт дар назди бинои истиқоматиашон бо овози баланд нисбати модари пиронсолаш дашному суханҳои қабеҳи ғайриинсонӣ гуфта, бо вайрон намудани тартиботи ҳуқуқӣ оромии ҳамсоягонро халалдор намудааст.

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Самадов Довар низ тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *