Дастаи «Истиқлол» соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба шарофати голҳои Рустам Соиров ва Элеке Чибуеке Блессинг бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб пирӯз шуда, барандаи Суперҷоми Тоҷикистон-2024 гардид.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2024 дар варзишгоҳи таъмиршудаи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе маротибаи дувоздаҳум дар таърихаш барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд. Қаблан дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 соҳиби Ҷом гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *