Дастхатҳое, ки устод Айнӣ аз онҳо истифода бурдааст…
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон аз ҷониби ҷияни академик Ҳомидҷон Мансуров ва хешони наздики устод Садриддин Айнӣ Умедҷон Мансуров ба Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода чанд китоби дастхат ҳадя гардид.
Аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон хабар медиҳанд, ки Умедҷон Мансуров се дастхат — “Мунтахаби девони мулло Машраб”, ки дар соли 1901 чопи сангӣ шудааст (номи дигараш “Нусхаи аҳли ишқу ирфон”); “Чаҳор китоб” бо забонҳои тоҷикӣ бо истифода аз осори Аттори Нишопурӣ (чопи сангӣ), Китоби “Кофия”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар илми сарфу наҳви арабиро, ки аз шаш боб иборат аст (чопи сангӣ), тақдим кардааст.
Умедҷон Мансуров дастхатҳоро, ки аз бобояшон ба мерос мондааст, солҳои зиёд нигаҳдорӣ карда, таъкид намудааст, ки аз онҳо устод Садриддин Айнӣ ҳангоми таълифи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” истифода кардааст. Ба хотири дастрас шудан ба дӯстдорони илму адаб Умедҷон Мансуров аз Абдуҷаббор Раҳмонзода хоҳиш кардааст, ки дастхатҳоро чун рамзи эҳтиром ба фарҳангу таърих ва забони тоҷикӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон расонанд, то соҳибони забон аз онҳо дар оянда истифодаи фаровон намоянд.
Гуфта мешавад, ки дастхатҳо гаронарзиш буда, махсусан мунтахаби девони Машраб ҷолиби диққат аст. Масалан, ғазали машҳури Машраб, ки матлаъаш:
Аз наистони фироқат ҳамчу оташ сар задам,
Ҳамчу алмосе шудам, тоқи фалак бар ҳам задам.
ва мақтаъаш:
Машраби девонаам, саргаштаам аз баҳри ёр,
Оламе дунёи дунро пушти як нохун задам.
вориди ҳамин “Девони Машраб” гаштааст.
Аз Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон гуфтанд, ки дастхатҳо дар ояндаи наздик ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ