Дастоварди Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ

Дар  Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон маросими тақдими ҷоизаи иштирокчиёни сеюмин озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» баргузор гардид.

Ин озмуни байналмилалӣ аз моҳи сентябр то декабри соли 2024 дар Беларус идома ёфта буд. Дар он зиёда аз 900 нафар иштирокчӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳои аъзои Ташкилоти патентии Авруосиёӣ ширкат варзида буданд.

Бо роҳнамоии Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон зиёда аз 60 нафар ҷавонони кишвар дар озмуни номбурда иштирок намуданд, ки 4 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо ҷоизаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд. Аз ҷумла:

1. Ҷойи аввал — Назаров Аҳмадҷон Тоҳирович, донишҷӯи курси дуюми факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

2. Ҷойи дуюм — Иргашева Лола Илҳомовна, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат»;

3. Ҷойи сеюм — Бадалзода Зарнигори Маҳмуд, хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат»;

4. Беҳтарин мураббии эътирофшудаи миллӣ — Бердникова Албина Павловна, омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат».

Ба иштирокчиёне, ки сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, аз ҷониби ташкилкунандагони чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Онҳоро дар вазъияти тантанавӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода супорид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *