Дастури Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералӣ ва Директори агентии мубориза бо коррупсия

Дар Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар ин ҷаласа раиси Маҷлиси миллӣ аз прокурори генералии Тоҷикистон талаб кардааст, ки назорати риояи қонуни танзим пурзӯр карда шавад.
«Раиси маҷлис диққати Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таъмини назорати риояи қатъии қонунгузорӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷалб кард», — менависад котиботи Маҷлиси миллии Тоҷикистон.
Қайд карда мешавад, ки бахусус ба назорати риояи ин қонун аз ҷониби мансабдорон таъкид карда шуд.
Рустами Эмормалӣ ба Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон ва директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон дастур додааст, ки дар ин самт чораҳои пешгирикунандаро ба таври самаранок роҳандозӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *