Даъвати Таҳмина Раҷабова ва Қурбони Собир ба Эрон
Синамогарони Эрон 10 нафар ҳунармандони тоҷикро барои иштирок дар кастинг даъват намудаанд, ки дар байнашон ҳунармандони машҳури тоҷик Қурбони Собир, Таҳмина Раҷабова ва Сайёра Сафарӣ ҳастанд.
Дар сурати аз кастинг гузаштан, 10 ҳунарманди тоҷик дар як филми нави эронӣ нақш мебозанд.
Дар ин бора директори “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён иттилоъ дод.
Зикр гардид, ки соли 2024 дар киностудияи “Тоҷикфилм” дар ҳамкорӣ бо синамогарони Эрон ва Русия филми нав бо номи “Моҳӣ дар шаст” ба навор гирифта шуд.
Дар соли 2024 филмҳои “Тоҷикфилм” соҳиби 20 ҷоизаи байналмилалӣ гаштаанд. Танҳо филми ҳунарии “Дов” тӯли 2 соли охир 25 ҷоизаи байналмилалиро ба даст овардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ