Даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ анҷом ёфт

— 30-юми ноябри соли 2021 дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки он аз 1-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ идома дошт, пурра ба анҷом расид,- хабар дод Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аммо, бино ба иттилои манбаъ, «тибқи моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шаҳрвандони синни даъватӣ дар асоси қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади омӯзиш бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд».

Гуфта мешавад, ки аз оғози ин чорабинии муҳими сиёсӣ масъулини комиссияҳои давлатии даъватӣ нахуст дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон даъвату гусели муҳофизони ояндаи Ватанро тибқи нақшаи ба онҳо пешбинишуда ва дар муҳлати муайян иҷро намудаанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шуруъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.