Давлаталӣ Саид ба аёдати иштирокчиёни ҶВБ рафт
Имрӯз, 7 май ҷиҳати дастгирии иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба аёдат ва табрики онҳо рафт. Дар ноҳияи Вахш Розиқ Қосимов ва дар шаҳри Бохтар Зайнулло Алиевро аёдат намуд. Иштирокчиёни ҶВБ -ро ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ орзу намуд.
Сипас, туҳфаҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар яке 50 ҳазор сомонӣ, раиси вилояти Хатлон 10 ҳазор сомонӣ расонида шуд.
Инчунин, аз ҷониби раисони шаҳру ноҳия ва дигар сохторҳои марбута кӯмаки пулӣ тақдим гардид.
Ҳамчунин, аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо медали “80-солагии Ғалаба” тақдим гардид.

Қосимов Розиқ 22 январи соли 1926 дар ноҳияи Рашт таваллуд шуда, соли 1945 ба сафи артиши Шӯравӣ даъват мешавад ва дар шаҳри Чкалов омодагии ҷангӣ мебинанд. Сипас, полки онҳоро ба Муғулистон мебаранд, то ки фашистони аз тарафи Япония сарбаровардаро торумор намоянд. Дар ҷанг худро марди далеру ҷасур нишон дода, хизматҳои ҷангиашро ба инобат гирифта, аз ҷониби давлати Шӯравӣ бо даҳҳо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардонида шудааст.

Зайнулло Алиев 12 ноябри соли 1920 дар ноҳияи Темурмалик, (Кангурти собиқ) таваллуд шудааст. Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегардад ва дар ҳайати фронтҳои Ленинград ва Белорусия ҷангида, дар муҳорибаҳои озод кардани шаҳрҳои Ленинград, Калинин, Молдова, Венгрия, Руминия иштирок кардааст.
Розиқ Қосимов ва Зайнулло Алиев зимни суҳбат бо раиси вилояти Хатлон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат изҳори сипосгузорӣ намуда, шукронаи сулҳу субот ва осудагии сарзаминро намуданд.
Феълан дар вилояти Хатлон 8 иштирокчии ҶБВ зиндагӣ мекунанд, ки калонсолтарини онҳо 102-сола мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ