Давлаталӣ Саид ба дидорбинии сарбозон рафт
Имрӯз, 21 феврал Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба дидорбинии сарбозону афсарони Раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рафт.
Аз хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфтанд, ки дидорбинии сарбозону афсарон дар остонаи Рӯзи Артиши миллӣ ва дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Ба иттилои расида, Давлаталӣ Саид дар суҳбати бо онҳо таъкид намуданд, ки донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро баҳри ҳимояи дастовардҳои замони Истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ба хизмати содиқона сафарбар созанд.
“Боис ба зикри хос аст, ки дар шароити мураккаби таҳдиду хатарҳои замони муосир ҳифзи марзу буми мамлакат масъулияти асосии хизматчиёни ҳарбӣ буда, дар чунин шароит бояд зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани ҳама арзишҳои истиқлолияти давлати куҳанбунёдамонро аз даст надиҳем”, – гуфтааст вай.
Ҳамчунин китоб бо дастхат аз ҷониби Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба сарбозони шуҷои Ватан тақдим гардид. Боз як миқдор китобҳои бадеӣ ба сарбозону офсарон дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ