Давлатовҳо бо 90 кило тилло ва 15 миллион доллар боздошт шуданд

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи Душанбе аз кӯшиши интиқоли 90 кило тилло ва 15 миллион доллар пули нақд пешгирӣ кардаанд.

 Ба гуфтаи як манбаъ, ин миқдори бузурги тилло ва асъори хориҷиро аз Душанбе ба Дубай бурданӣ будаанд.

Кормандони амният чанд нафар, аз ҷумла Фирдавс Давлатов ва Маҳмадалӣ Давлатовро бо иттиҳоми қочоқ дастгир кардаанд. “Онҳо фарзандандони Давлати Хавос, раҳбари собиқи кони тиллои Шугнов будаанд.

Айни замон тафсилоти дигаре дастрас нест.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.