Даври асосии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ оғоз шуд
Имрӯз, 1-уми июл дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонсупорӣ барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо оғоз ёфт. Дар навбати аввал довталабоне иштирок мекунанд, ки дар марҳилаи аввал ва асосии бақайдгирӣ дар Маркази миллии тестӣ (ММТ) номнавис шудаанд.
Ин даври имтиҳонҳо то 9-уми июл идома хоҳад кард.
Тибқи маълумоти ММТ, барои баргузории он дар 21 шаҳру ноҳия 47 нуқтаи имтиҳонсупорӣ ва 2 нуқтаи эҳтиётӣ таъсис ёфтааст.
Даври дуюми имтиҳонҳо барои онҳое, ки дар марҳилаи дуюми бақайдгирӣ сабтином шудаанд, рӯзи 13-уми июл баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ