Даври ниҳоии озмун: Кӣ чӣ ва чанд китоб хонд?

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзҳои 2-15-уми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мегардад.

Тибқи ҷадвали баргузории озмун рӯзҳои 2-5-уми декабр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, 6-7-уми декабр донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 7-уми декабр аспирантону докторантон ва ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, 8-10-уми декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун вобаста ба номанатсияҳои озмунӣ иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ҳамзамон, озмун барои довталабони номинатсияи назму наср рӯзҳои 11-12-уми декабр ва барои довталабони Шоҳҷоиза рӯзи 13-уми декабр доир мегардад.

Бояд гуфт, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сеюм аст, ки дар кишвар баргузор мегардад ва Низомномаи он бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2021, №АП-43 тасдиқ шудааст.

Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, дар даври якуми озмун, ки дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид, 305495 нафар, дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 23045 нафар ва дар даври сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо баргузор гардид, 2981 нафар иштирок намудаанд. Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 510 нафар довталаб иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.