ДБССТ ва ширкати чинӣ ҳамкориҳои стратегиро оғоз карданд

Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо роҳбарияти ширкати чинӣ «Jindaanbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd.» мулоқот кард.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои таъсиси барномаҳои таҳсилотии муштарак бо забонҳои русӣ, чинӣ ва англисӣ, истеҳсоли маҳсулоти экологӣ тоза дар доираи Парки инноватсионию технологии донишгоҳ ва рушди сайёҳии тиббӣ баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки барои ба роҳ мондани шарикии стратегӣ дар самти рушди лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳкими робитаҳо иқдомҳои мушаххас амалӣ созанд.

Ширкати «Jindaanbang (Beijing) Technology Development Co., Ltd.», ки муассиси он Кумитаи давлатии назорат ва идоракунии дороии давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин (SASAC) мебошад, дар 30 кишвари ҷаҳон лоиҳаҳои бузурги байналмилалиро муваффақона татбиқ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *