ДИ сарбозони туркро зинда оташ зад

Гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) 22 декабр навори куштори ду одамро, ки дар тан либоси низомӣ доштанд, нашр кард. Онҳро зинда оташ заданд. ДИ мегӯяд, ин ду нафар сарбозони артиши Туркия ҳастанд, ки дар асорат афтода буданд.

Навори 19-дақиқаӣ дар вилояти Ҳалаб — шимоли Сурия бардошта шудааст, мегӯяд ДИ. Дар навор дида мешавад, ки ҷангҷӯи ДИ ҳангоми оташ задани сарбозон бо алфози туркӣ президенти ин кишвар Раҷаб Эрдуғонро дашном медиҳад.

Гуфта мешавад, Туркия сомонаҳоеро, ки ин наворро ҷо додаанд, баста аст. Ду сол пеш наворе ба ин мазмун нашр шуда буд, ки ДИ сарнишини ҳавопаймои урдуниро зинда оташ зада буданд.

То кунун мақомоти Туркия навори охирро шарҳ надодаанд. Аммо фармондеҳони артиши турк мегӯянд, алоқа бо ду сарбоз канда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *