Дилбастаи сухану замин. Ба баҳонаи 70-умин солгарди таваллуди Ҳикматулло Сатторов

Инсонҳое ҳастанд, ки сарфи назар аз гузашти умр гӯиё пир намешаванд ва пурэнержию шодоб боқӣ мемонанд. Ба шеваю низоми кору зиндагиашон менигарӣ ва гумон мекунӣ, ки бисту чаҳор соат дар як шабонарӯз барои онҳо кифоят намекунад, то ҳамаи кору нақшаҳои рӯзмарраашонро ба сомон бирасонанд.

Рӯзноманигори соҳибтаҷриба ва собиқадори телевизиони тоҷик Ҳикматулло Сатторов аз ҷумлаи чунин афрод аст. 1-уми июни соли 2022 ба синни мубораки 70 қадам мениҳад, аммо аз бознишастагию пирӣ дар ӯ хабаре нест. Ҳикматулло Сатторов ҳамчунон ба фаъолияти рӯзноманигорӣ идома медиҳад ва ҳамзамон деҳқониро, ки аз падари раҳматиаш ба мерос гирифтааст, замонати тандурустию сарбаландӣ ва пешбурди рӯзгори хонаводаи бузурги худ медонад. Зимнан, падараш Бобои Саттор 100 сол умр дид ва дар канори муаллимӣ дилбастаи замину деҳқонӣ буд.

Бори нахуст дар соли 1984, ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар рӯзномаи “Байрақи ленинизм” (ҳоло “Ҳисори шодмон”) дар ноҳияи Ҳисор бо Ҳикматулло Сатторов ошно шуда будам. Ӯ он вақт мудири шуъбаи кишоварзии ин рӯзнома (1982-1984) буд ва ман бо роҳхати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои коромӯзӣ ба ин рӯзнома омадам. Як моҳи таҷрибаомӯзӣ бо роҳнамоии ӯ даҳҳо хабару лавҳаю мақолаам дар ин рӯзнома чоп шуд ва бо сари баланд ба донишгоҳ баргаштам.

Бори дигар, соли 1986, пас аз анҷоми таҳсил дар донишгоҳ сарнавишт дубора маро бо Ҳикматулло Сатторов рӯ ба рӯ кард. Дунболи кор мегаштам ва дар рӯзномаи ноҳия роҳхати маро ба далели набудани ҷойи кори холӣ, ба донишгоҳ баргардониданд. Маро зиндаёд Зубайдуллоҳ Шарифзода, ходими адабии рӯзномаи ноҳияи Ҳисор ба назди Ҳикматулло, ба шаҳри Душанбе фиристод. Баъдтар фаҳмидам, ки Ҳикматулло Сатторов и.в. сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсии телевизиони Тоҷикистон будааст. Он вақт дар Тоҷикистон танҳо як шабакаи телевизионӣ буд ва муҳимтарин идораи он ҳам сарредаксияи пропаганда ба шумор мерафт, ки сармуҳарририи онро Ҳикматулло бар уҳда дошт. Баъд аз суҳбат маро ба унвони муҳаррири хурди телевизион бо маоши моҳонаи 110 рубл ба кор гирифтанд…

Ногуфта намонад, ки нахустин барномаи телевизионии худро аз корхонаи парандапарварии Чептураи Шаҳринав (он солҳо тобеи ноҳияи Ҳисор буд) бо роҳнамоии Шералӣ Мустафоқулов, ки ахиран даргузашт (Худованд биёмурзад!), таҳия карда будам.

Панҷ соли кор дар телевизиони Тоҷикистон (1986-1990)-ро воқеан мактаби омӯзиш ва такмили маҳорату ҳунари рӯзноманигорӣ барои худам медонам. Он вақт телевизион расонаи таъсиргузоре буд. Ба масоилу мушкилоте, ки дар барномаҳои идораи сиёсӣ ва “Ахбор” матраҳ мешуданд, мақомоти масъул зуд вокуниш нишон медоданд ва ислоҳ мекарданд. Мақому манзалати Ғоиб Назарович Қаландаров, раиси вақти Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар назди раҳбарони аввали кишвар хос буд, сухани ӯ вазн дошт ва ҳамаи кормандони радио ва телевизион дар симои Ғоиб Назарович як ҳомии қавӣ ва қудратманде доштанд. Зимнан, хонаҳое, ки мо, як гуруҳ мутахассисони ҷавон дар канори кормандони куҳнакор дар соли 1989 дар пойтахти кишвар гирифтем, ба ҳиммату талошҳои раҳматии Ғоиб Қаландаров ва Мақсуд Икромов, шаҳрдори пешини Душанбе буд. Худованд руҳи ҳар дуи онҳоро шод бигардонад!

Ҳоло беш аз даҳ шабакаи телевизиони сартосарӣ дорем, ки ҳар шабонарӯз онҳо даҳҳо соат барнома пахш мекунанд. Аммо на ҳамаи ин телевизионҳо дар миёни бинандаҳои тоҷик маҳбубият доранд. Гоҳо аз худам суол мекунам, ки чаро дар замони шӯравӣ телевизиони Тоҷикистон мактаби омӯзиш ва такмили ҳунару маҳорат барои мо, насли ҷавон буд? Ба назарам, ба хотири он, ки дар телевизион рӯзноманигорони соҳибмактабу боистеъдод ва ботаҷриба кам набуданд.

Қаҳрамони ин матлаб ҳам аз ҷумлаи чунин афрод аст. Ҳикматулло Сатторов, ки 32 сол (1975-2007) дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолият карда ва аз вазифаи муҳаррири хурд то ба мақоми мудири идораи тиҷорати телевизион ва мудири идораи барномаҳои хабарии телевизион расида буд, соли 2007 дигар натавонист муҳити телевизионро таҳаммул кунад ва аз даргоҳе, ки беҳтарин айёми зиндагиаш дар он ҷо сипарӣ шудааст, батамом рафт.

Аз моҳи феврали соли 2007 то ҳоло сармуҳаррири рӯзномаи ноҳияи Шаҳринав аст ва радиои маҳаллии ноҳия ҳам зери назари ӯ фаъолият мекунад. Бо вуҷуди расидан ба синни бознишастагӣ нафақа намегирад ва мувофиқи қарордод ба фаъолияти кории худ идома медиҳад. Ҳар гоҳ, ки рӯ ба рӯ шавем, аз эшон мепурсам, ки «масъалаи нафақаро ҳал кардед?» ва чунин посух мешунавам: «Ман кор мекунам, нафақа ба ман чӣ лозим?…».

Ҳикматулло Сатторов ҳанӯз дар соли 1978 ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуда буд. Аълочии радио ва телевизиони Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон аст. Соли 2012 хидматҳояш дар рушди матбуот ва телевизион аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” қадр карда шуд.

Дар канори фаъолияти эҷодӣ, чун дар тамоми тӯли умраш бо замин қарин аст. Ҳам панба кишту парвариш мекунад, ҳам сабзиҷот ва ҳам боғи мева дорад. Писаронаш Тоҳиру Парвиз ва набераҳояш ҳамеша дар канораш ҳастанд ва дар кишту кор ва ҷамъоварии маҳсули боғу заминаш ба ӯ кумак мекунанд. Соле як бор айёми гелоспаз мо — аҳли «Гаштак», яъне дӯстону ҳамсояҳояшро ба сайри боғаш мебарад, то бо дастони худ аз меваи шохаҳои пурбори дарахтони боғаш нӯши ҷон кунем. Дар ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон ёру дӯстони зиёде дорад, нону намаки хӯрдаашро пос медорад ва ҳамеша дар хидмати мардуми диёр ва дӯстони қадршиносаш аст.

Барои як инсон меҳру муҳаббати мардум беҳтарин ганҷу сарват аст. Аз ин лиҳоз, Ҳоҷӣ Ҳикматулло Сатторов сарватмандтарин ҳамдиёр ва ҳампешаи мост. Умраш дароз ва саодати рӯзгор насибаш бод!

Суҳроби ЗИЁ, рӯзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *