“Дили Диловар” нашр ва ҳаводорони рэп зуд маъруф шуд

Диловар Андалибов (AD aka Dilovar), ки ҳоло аз зумраи сершунавандатарин рэпсароёни тоҷик маҳсуб меёбад, рэпи нави худро бо номи “Дили Диловар” нашр кард.

“Дили Диловар” бо ин мисраъҳо оғоз мешавад:

Ай ҳаво то замина, духтаракм нозанинай,

Хандаҳош маҳҷабинай, дилнишинай, ӯ беҳтаринай.

“Дили Диловар” миёни ҳаводорони рэп зуд маъруф шуд ва бо гузашти чанд рӯз садҳо ҳазор маротиба онро дар “Ютуб” гӯш карданд.

Дар ҳоли ҳозир AD aka Dilovar дар рэп ҷойгоҳи худро ёфта, яке аз мавқеъҳои намоёнро ишғол мекунад. Рэп-таронаҳои ӯ дар муддати кӯтоҳ муаррифӣ ва “хит” мешаванд.

Мавсуф бештар бо рэпсароёни ҳамуслубаш Басстер ва Сиван рэп хонда, ҳамроҳ дар дохилу хориҷи кишвар консерт медиҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.