Диловар Сафаров дар филми коргардони маъруфи Голливуд нақш меофарад

Коргардон ва блогери шинохтаи тоҷик Диловар Сафаров дар саҳифаи Тик-Токи худ хабар дод, ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳури Мардумии Чин дар филме нақш меофарад.

Диловар Сафаров мегӯяд, ки аз ҷониби коргардони Голливуд Цуй Харк барои иҷрои нақши Шоҳи Форс дар ҷанги байни Чингизхону Хитой даъват шудааст.

Ӯ илова мекунад, ки Цуй Харк коргардони филмҳои Ҷеки Чану Ҷет Ли аст ва ба хотири маъруф буданаш розӣ шудааст ва инчунин таҷрибаи онҳоро омӯхтанист, то ки дар таҳияи филми “Исмоили Сомонӣ” амалӣ намояд.

Ҳамчунин, сабаби нашри навори мазкурро коргардони тоҷик дар он мегӯяд, ки бархе фикр кардаанд ҳоло болои филми “Исмоили Сомонӣ” кор карда истодааст ва намуди зоҳириаш ба мазмуни филм созгор нест. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *