Дилшод Назаров соҳиби сертификати Бозиҳои Осиё шуд

Ба варзишгари тоҷик, қаҳрамони Бозиҳои Олимпӣ Дилшод Назаров сертификати иштирокчии эстафетаи машъали Бозиҳои Осиёии Ҳанчжоу тақдим карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки миёни намояндагони 45 кишвари қора Дилшод Назаров ягона муаррифгари Тоҷикистон дар эстафетаи машъали Бозиҳои Осиёӣ дар Ҳангжоу буд.

Ин машъалро Дилшод Назаров ба Тоҷикистон меорад ва он дар Осорхонаи Кумитаи миллии олимпӣ нигоҳ дошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки гулхани Бозиҳои Осиёӣ имрӯз ба шаҳри Ҳангжоуи Чин рафта расид. Дар ин маросим варзишгари муваффақи тоҷик Дилшод Назаров иштирок менамояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *