Дирӯз президент – имрӯз подабон

Далелҳои аҷибро аз ҳаёт ва рӯзгори собиқ президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод шабакаи телевизионии “FoxNews”-и Амрико манзур намудааст. Маҳмуди Аҳмадинажод замони президенти Эрон буданаш ба кор бо автобус мерафтасту занаш дар мадраса фаррошӣ мекардаст.

«FoxNews» он замон аз президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод суол кардааст:

-Вақте ки шумо саҳарӣ ба оина менигаред, ба худ чӣ мегӯед?

Ӯ  гуфтааст:

Дар оина одамеро дида, мегӯям: «Фаромӯш накун, ки ту аз хидматгори одӣ беш нестӣ».

«FoxNews» боз овардааст:

1.Аҳмадинажод, вақте ки бори аввал ба дафтари президент ворид шуд, бисёриҳоро ба ҳайрат овард. Ӯ қолинҳои гаронбаҳои форсиро бо қолинҳои арзон иваз намуда, ба як масҷиди Теҳрон туҳфа кард.

Баробари президент шудан ӯ дар бораи моликияти худ маълумоти (декларатсияи) зеринро навишт: автомобили Пежо 504 (модели соли  1977), хонаи хурди куҳнаи 40 сол пеш аз падараш меросмонда дар як маҳаллаи камбизоатҳои Теҳрон.

  1. Кормандони маъмуриятро ҳар рӯз бо як портфел ба кор омадани президент ҳайратзада карда буд. Дар он чанд бурда бутерброд ё нон бо равғани зайтун ва панирро, ки занаш барояш тайёр мекард, меовард.
  2. Ӯ зуд-зуд ба ҳавлирӯбони кӯчаҳои маҳали зист ва коргоҳашон ёрӣ мерасонд.
  3. Ҳар гоҳе ки дар меҳмонхона ҷой гирад, ӯ хоҳиш мекунад, ки барояш ҳуҷраи каровати калондоштаро ҷудо накунанд, зеро дар кароват хобиданро намеписандад. Вай дар фарш як кӯрпа партофта, болояш як рӯпӯш кашида мехобид.
  4. Замони роҳбарии ӯ ҳангоми ба вазифа нишондани вазире, вазир ба ҳуҷҷати зиёд имзо мегузошт. Аз ҷумла, вазифадор карда мешуд, ки камбизоат мемонад ва ҳисобҳои бонкии худашу хешонашон санҷида мешавад.
  5. Аҳмадинажод ҳатто маоши президентиашро намегирифт, чун эътимод дошт, ки тамоми бойгарӣ аз они миллат аст ва ӯ муҳофизаш мебошад.
  6. Ӯ аз даромади қироат рӯз мегузаронад.

Маълумоти «Тоҷикистон»

Шояд чунин бошад, аммо вақте  ин хоксориҳои заминии  президенти пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро расонаи машҳури Амрико, новобаста аз зиддиятҳои сиёсати ғарбгароён, манзур мегардонад, мехоҳӣ бовар кунӣ. Дар Тоҷикистон хоксорию фурӯтанӣ ва саховатпешагии сиёсати берунаи Аҳмадинажодро фаромӯш накардаанд.

Ба қавли расонаҳои ғарбӣ Аҳмадинажод пас аз 8 соли президентӣ имрӯз рӯзгорашро бо подабонии чорвоҳои худаш саришта мекунад.

Далели тозаи дигар: ду моҳ қабл аз ин пешвои динии  Эрон Хоманаӣ ба Маҳмуди Аҳмадинажод  тавсия дод, ки дар маъракаи интихоботии президентии ояндаи кишвар иштирок нанамояд. Аҳмадинажод ин тавсияро пазируфта, иброз намуд, ки дигар хоҳони курсии президентӣ нест.

Пас, қаноатпешагӣ хислати умдаи шахсияти бузург Маҳмуди Аҳмадинажод будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *