Доктор Абдуллоҳ ба Душанбе меояд

Доктор Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Тоҷикистон сафар мекунад. Дар ин бора Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми декабр иттилоъ дод.
16-уми декабр Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ дар Кобул бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот кардааст. Дар ин сафар мавзуъи сафари дарпешистодаи раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ба Тоҷикистон ва масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки талошҳо барои даст ёфтани созиши сулҳ ва поёни ҷанги чиҳилсола дар Афғонистон, дар ин авохир афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1400 километр марз дорад. Мақомоти Тоҷикистон борҳо эълон кардаанд, ки ҷонибдори ҳарчи зуд барқарор шудани сулҳ дар Афғонистон ҳастанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *