Доллар рӯ ба коҳиш. Аз пешгӯӣ то суду зиён

Қурби доллар нисбат ба сомонӣ майли поёнравӣ дорад. Ба ҳолати 7-уми май 100 доллар ба 1030-1050 сомонӣ баробар шуд. То як моҳ пеш 100 доллар тақрибан баробар ба 1090-1100 сомонӣ буд. Рубл ҳам гоҳ пасту гоҳ баланд мешавад.  

Рубл, таъсири он ба сомонӣ

Ин тағйироти назаррас дар қурби сомонӣ бештар ба таҳаввулоти охир дар бозори асъори Русия марбут аст. Қурби рубл нисбати доллар дар рӯзҳои охир аз 86 рубл то 81 рубл барои як доллар расид. Бо дарназардошти вобастагии шадиди иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди Русия, ки беш аз 90% гардиши мол бо рубл анҷом дода мешавад, ин тағйирот ба таври мустақим ба қурби сомонӣ низ таъсир гузошт. Ҳамзамон, Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки иқтисоди он ба интиқоли маблағи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия сахт вобастагӣ дорад. Бо мустаҳкамшавии рубл, арзиши ин маблағҳо дар муқоиса бо сомонӣ бештар мегардад, ки метавонад ба афзоиши пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозор ва дар натиҷа, мустаҳкамшавии сомонӣ мусоидат кунад.

Коршиносон чӣ мегӯянд?

Бо вуҷуди ин, бисёре аз таҳлилгарони рус ва байналмилалӣ ҳушдор медиҳанд, ки мустаҳкамшавии рубл шояд як падидаи муваққатӣ бошад. Ба гуфтаи иқтисодшинос Вячеслав Таквел, афзоиши қурби рубл метавонад натиҷаи давраи пардохти андозҳо аз тарафи ширкатҳои содиротии Русия бошад. Яъне, як ҳолати маъмул дар охири ҳар семоҳа.

Ҳамзамон, коршиносони «SberCIB» пешбинӣ мекунанд, ки қурби рубл метавонад дар кӯтоҳмуддат ҳудуди 85 рубл боқӣ монад, аммо эҳтимоли баргаштани он ба сатҳи 100-105 рубл то охири сол вуҷуд дорад. Ин дар ҳолест, ки Михаил Зелтсер, таҳлилгари бозори фондии “БКС Мир инвестиций” зикр мекунад, дар фасли баҳор эҳтимол воридоти мол афзуда, содирот коҳиш ёбад. Ва Бонки марказии Русия сиёсати пулии худро нармтар кунад, ки метавонад рублро боз заиф созад.

Аз нигаронӣ то имконият

Барои Тоҷикистон ин таҳаввулот ду паҳлуи муҳим дорад. Аз як тараф, мустаҳкамшавии сомонӣ метавонад ба нархҳои дохилӣ таъсири мусбат расонад, фишорҳои таваррумро коҳиш диҳад. Аз тарафи дигар, коҳиши қурби доллар метавонад барои воридкунандагон ва бахши хусусии вобаста ба асъори хориҷӣ душворӣ эҷод кунад.

Инчунин, ҳар гуна тағйирот дар сиёсати иқтисодии Русия, махсусан вобаста ба назорати сармоя, фоизҳо ё ҷараёни асъор метавонад бевосита ба Тоҷикистон таъсир расонад. Бо назардошти чунин осебпазирӣ, таҳлилгарон зарурати диверсификатсияи муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистонро таъкид мекунанд.

Манфиатро кӣ мебинад?

Аммо коҳиши ахири қурби доллар нисбат ба сомонӣ бештар як падидаи муваққатӣ ба назар мерасад. Он зери таъсири мустаҳкамшавии рубл ва омилҳои мавсимии иқтисоди Русия ба вуҷуд омадааст. Назари дигар низ вуҷуд дорад. Ин марбут ба иқтисоди мавсимӣ аст. Дар моҳҳои апрел-май талабот ба асъори хориҷӣ, махсусан доллар кам мешавад. Ин омил боиси пастравии қурби доллар мегардад. Ҳарчанд пастравии қурби доллар барои истеъмолкунандагон манфиатовар бошад ҳам, аммо барои сармоягузорони хориҷӣ ва ширкатҳое, ки бо доллар ҳисоб мекунанд,  таъсири манфӣ мегузорад.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *