Домулло Абдулҳақ салафӣ будааст

Тавре агентии иттилоотии «Ховар» хабар медиҳад, аз ҷониби шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат, бо ҷурми алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд. Нисбат ба ашхоси зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Тавре расонаҳо гуфтаанд, домулло Абдулҳақ Обидов сархатиби масҷиди марказии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе будааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *