Донишҷӯи ДМТ соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ шуд

Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Акбарзода Мубориз Мусо дар олимпиадаи байналмилалӣ  ҷоиза гирифт.

Бо ташаббуси Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Мониторинги байналмилалии рушди демократия ва Академияи давлатии ҳуқуқи Саратов IV-Олимпиадаи байналмилалии интернетии “Системаҳои интихоботии ҷаҳон” аз 15 сентябр то 30 октябри соли 2023 баргузор гардид. Дар он аз 172 Донишгоҳои олӣ 2476 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Кумитаи ташкилӣ ва ҳайати доварони байналмилалӣ натиҷаҳои Олимпиадаи IV байналмилалии интернетии “Системаҳои интихоботии ҷаҳон”-ро ҷамъбаст карданд. Ғолиб ва ҷоизадорони Олимпиадаи байналмилалии интернетии “Системаҳои интихоботии ҷаҳон” донишҷӯён аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Узбекистон, Туркманистон, Украина, инчунин Ҷумҳурии Ҷибути, Ҷумҳурии Халкии Чин, Ҷумҳурии Мали ва Муғулистон гардиданд.

  Ғолибону ҷоизадорони Олимпиадаи байналмилалии интернет дар кори Мактаби сеюми байналмилалии парлумонии ҷавонон ва Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар шакли мубоҳисаҳои илмӣ, ки 12 декабри соли 2023 баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *