Донишҷӯёни пойтахт чӣ имтиёз доранд?

Аз 10 ноябри соли равон, нархи роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе боло меравад. Ин норозигии сокинон, аз ҷумла, донишҷӯёнро ба бор овардааст. Зеро донишҷӯён қаблан аз имтиёзҳое бархӯрдор буданд, ки феълан аз он бенасиб гардиданд.

Шурӯъ аз 1-уми апрели соли 2018 хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш (автобусу троллейбусҳо) ба системаи кортӣ гузашт, вале аксари мусофирон ҳамоно корти нақлиётӣ надоранд ва бо пардохти 1 сомонӣ аз хизматрасонии автобусу тролейбусҳо истифода мекунанд. Феълан бо қимат шудани нархи роҳкиро аз 10 ноябр тарофаҳои  кортҳои пластикии City Card низ тағйир меёбад. Илова бар ин, аз ин ба баъд дар тамоми хатсайрҳо пули нақд қабул карда намешавад.

Қаблан корти троллейбус ва автобусҳо дар терминалҳо фурухта мешуд,  ҳоло дар ҳама истгоҳҳои пойтахт дӯконҳои махсус амал мекунанд ва гирифтани корт осон сурат мегирад.

Ин паҳлуи мусбати масъала аст, вале баланд рафтани нархи тарофаҳо мушкилест, ки донишҷӯёнро нигарон кардааст. 

Рамзия, яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ мегӯяд, ки бесобиқа баланд шудани нархи роҳкиро барои ӯ гаронӣ овардааст:

“Ман ҳамеша бо автобус тариқи корти нақлиётӣ ба донишгоҳ меравам, зеро ин барои ман осон ва қулай аст, вале вақте фаҳмидам, ки нархномаи кортҳои пластикӣ низ тағйир меёбад, ин албатта боиси нигаронист, зеро дар як рӯз мо донишҷӯён чанд маротиба аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебарем ва нархҳои нав барои мо бисёр гарон мебошад”, — мегӯяд, ӯ.

Мусофирбарҳои Душанбе ба низоми электронии пардохт гузаштанд. ВИДЕО

Албатта ин танҳо мушкили Рамзия нест, балки даҳҳо донишҷӯёнро  низ нигарон кардааст.

Тибқи иттилои масъулин ҳоло корти нақлиётии «Донишҷӯ» — дар автобус — 1,26 сомонӣ,  барои толибилмони макотиби олии пойтахт пешбинӣ шудааст, ки қаблан 84 дирам арзиш дошт. Дигар мушкил дар он аст, ки қаблан донишҷӯён бо пардохти 7 сомонӣ соҳиби корти донишҷӯ мешуданд ва бо таври автоматӣ аз тахфифи 30% бархӯрдор мегардиданд, вале ҳоло ин тавр нест… Бо тартиби нав аз ин ба баъд донишҷӯ бо пур кардани 90 сомонӣ аз ин имтиёз бархӯрдор хоҳад шуд.

Роҳқирои нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаҳо гарон шуд. Аз Душанбе чӣ? |  Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus

Қаблан донишҷӯён метавонистанд бо пардохти 180 сомонӣ корти имтиёзноки нимсола гиранд, ҳоло барои ин солона 520  сомонӣ ва нимсола 300 сомонӣ бояд пардохт кунанд.

Ҳамаи ин албатта донишҷӯёнро нигарон кардааст. Илова бар ин, болоравии нархи хонаҳои иҷора, хӯрду хӯрок, либос ва маҳсулоти конселярӣ донишҷӯйи бечораро дар азоб гузоштааст. Воқеан, барои донишҷӯён зиндагӣ кардан дар Душанбе хеле мушкил шудааст, махсусан, барои донишҷӯёне, ки аз деҳот омадаанд…

Уғулой Қутбиддинзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *