Ду ҳодисаи тирпарронӣ дар ИМА

10-уми апрел дар шаҳри Луисвилии иёлати Кентуккии ИМА ду ҳодисаи тирпарронӣ рух дод.

Тибқи иттилои расонаҳо, ҳодисаи якум дар яке аз бонкҳо бо номи Old National Bank дар маркази шаҳр ба вуқуъ пайваст. Як шоҳиди айнӣ дар бораи марде бо милтиқи дарозе нақл кард, ки дар дохили хона оташ кушод.

«Тасдиқ шудааст, ки панҷ нафар кушта шудаанд… Шаш нафарро ба бемористони Донишгоҳи Луисвил бурданд, аз ҷумла як афсари пулис. Худи ҳамлагар низ фавтид»,- гуфтааст ССN бо истинод ба қавли сухангӯи полис.

Бори дуюм, чанд соат пас дар назди як коллеҷи техникӣ тирпарронӣ рух дод. Дар назди бинои коллеҷ ду нафар аз тир ҷароҳат бардоштанд. Як нафар фавтида, дигаре дар беморхона бистарӣ шудааст.

Гумонбаршудагон аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *