Ду маркази дилхушӣ дар Душанбе махкам шуд

Ду соҳибмулки марказҳои дилхушӣ дар шаҳри Душанбе барои риоя накардани реҷаи кори муқарраршуда ва халалдор сохтани оромии шаҳрвандон боздошт ва бо қарори додгоҳ ба панҷ шабонарӯз ҳабс маҳкум гардиданд.

Раёсати ВКД – пойтахт шоми 30-юми апрел хабар дод, ки сухан дар бораи Ҳокимҷон Тешаев соҳиби маркази дилхушии “Шоми Фархор” ва Алишер Саидов молики маркази “Ситора” меравад.

Ба гуфтаи мақомот, ин афрод шабона берун аз вақти муқарраршуда ба фаъолият идома дода, сабаби халалдор шудани оромии сокинон шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *