Ду пиразани тоҷик бо Дрю Бинский селфӣ гирифтаанд

Видеои чигуна дар назди масҷиди марказии Душанбе бо ду зани солхӯрдаи тоҷик акси селфи гирифтани блогнависи машҳур Дрю Бинскийро танҳо дар саҳифаи Бинский дар Фейсбук қариб 150 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Дрю Бинский навиштааст, ин видео нишон медиҳад, ки одамон дар ҳар куҷои дунё аъзои як хонаводаанд.

Дрю Бинский, блогнавис ва сайёҳи шинохта барои инъикоси таассуроташ аз сафари Тоҷикистон дар як видеои якунимдақиқагӣ нашр кардааст, ки дар он чигуна бо ду зани солхӯрда дар назди масҷиди марказии Душанбе акси селфи гирифтанашро нишон медиҳад.

Яке аз ин занҳо ҳатто чанд калимае ба англисӣ, ба мисли «ҳелло” ва «бай-бай” гуфта метавонад.

Баъди гирифтани акс яке аз ин занҳо ба роҳаш идома медиҳад, вале дувумӣ, ки дар канори масҷид тоқӣ мефурӯхтааст, Дрю Бинскийро кашида, бо худ пеши дӯкончааш мебарад ва як тоқиро дар баҳои 10 сомонӣ ба вай мефурӯшад.

Баъди ба сари сайёҳ пӯшондани тоқии тоҷикии дӯхти Чин ин зан ба вай маслиҳат медиҳад, ки ҳамеша ин тоқиро дар сараш бипӯшад.

Дрю Бинский мегӯяд, ки ба маслиҳати ин зан амал кард ва дар идомаи сафараш дар Тоҷикистон ҳар куҷое рафт, ин тоқӣ дар сараш буд.

Дрю Бинский мегӯяд, фалсафаи ин видео дар он аст, ки «мардумон бо ҳам дӯстанд, сарфи назар аз ин ки бо як забон ҳарф намезананд ва инки арзишҳояшон фарқ мекунад. Ин ҳақиқат аст!”

Ӯ ҳамин тавр мегӯяд, ин як лаҳзаи ширини акси селфи гирифтан бо ду зани тоҷике, ки тасодуфан бо ӯ рӯбарӯ заданд, нишон медиҳад, ки одамон дар ҳар куҷои дунё ки бошанд, боз ҳам ҳамагӣ аъзои як хонаводаанд.

Тhis video is a different approach than my usual, fast-paced videos with lots of cuts and edits.

It captures a raw, authentic moment of me asking these lovely women for a selfie outside of a mosque in Dushanbe,#Tajikistan— and then falling into their trap to buy a local hat (which I happen to love)!

Moral of the story? People are friendly, despite not speaking the same language or having anything in common. It’s the truth!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *