Ду пиёдагард дар садамаи маргбор дар Панҷакент ва Ҷ.Балхӣ ҷон бохтанд
Дар ду садамае, ки рӯзи 15 ва 16 июли соли 2025 дар қаламрави кишвар ба қайд гирифта шудаанд, ду пиёдагард ба ҳалокат расиданд.
Тавре Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, шаби 15 июл, тақрибан соати 22:00, ронандаи мошини тамғаи «БМВ», Зикрулло Сатторов, сокини 30-солаи шаҳри Панҷакент, дар роҳи мошингарди «Панҷакент-Айнӣ» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразм аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Равшан Раҳимови 91-соларо пахш кардааст. Дар натиҷа, пиёдагард дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Субҳи 16 июл, соати 03:40, садамаи дуюм дар роҳи «Душанбе-Панҷи поён», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳалевардии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рух додааст. Ронандаи мошини «Опел-Астра», Алимардон Шодиев, сокини 54-солаи ҳамин ноҳия, пиёдагард Исмоил Идиев, сокини 59-солаи шаҳри Левакантро пахш кардааст. Идиев ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ҷон бохтааст.
Ба иттилои ВКД, дар ҳар ду ҳолат таҳқиқоти пешакӣ ҷараён дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ