Ду роҳи пешгирӣ аз зуком

1. Дорчин (корица) таъсири пурқуввати бактериявӣ дорад. Ваннаи гарм бо якчанд қошуқи дорчин беҳтарин доруи пешгирикунанда барои зуком аст, зеро он ба зудӣ бактерияҳоро несту нобуд месозад.

Кас дар як рӯз се маротиба як қошуқ асалро бо чоряк қошуқ дорчин омехта карда, нӯши ҷон созад, ба зудӣ аз сулфа, рафтани оби бинӣ ва дигар аломатҳои зуком халос мешавад.

2. Ҳангоми зуком чизе, ки беш аз ҳама касро асабонӣ месозад, ин рафтани оби бинӣ мебошад. Барои халосӣ аз оби бинӣ аз кардамон истифода баред. Йогҳои машҳур касалиҳои бар асари шамолкашӣ пайдошударо маҳз бо чойи кардамон табобат мекунанд, зеро он таъсири хеле хуб дошта, касро ба зудӣ аз оби бинӣ халос мекунад. Кардамон луоби зиёдатиро аз синусҳои бинӣ ва бронхоҳо-шуш хориҷ намуда, шахси ба зуком гирифтор шударо аз оби бинӣ ва сулфа раҳоӣ мебахшад.  

Умедворем, ки аз давоҳои номбаршуда истифода бурда, саломатии худ ва фарзандонатонро дар фасли зимистон муҳофизат мекунед.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *