Ду соҳибкор барои фурӯши сигор ба ноболиғон ҷарима шуданд
Аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе ду соҳибкор барои фурӯши ғайриқонунии маҳсулоти тамоку ба ноболиғон боздошт ва ҷарима карда шуданд.
Мувофиқи маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрвандон Салаев Исломиддин, сокини 45-солаи пойтахт ва Пиров Маҳмадалӣ, сокини 34-солаи ноҳияи Балҷувон, қонунгузории амалкунандаро нодида гирифта, ба шахсони ноболиғ сигор фурӯхтаанд.

Ҳоло нисбати ҳар ду шахс протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ