Дуохонӣ дар қабристон. Боздошти Сафарбек Раҳматов бо 18 зан

Сафарбек Раҳматов, сокини шаҳри Норак барои машғул шудан ба амалҳои хурофотӣ ва мардумфиребӣ дастгир шудааст.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар дод, ки Сафарбек Раҳматови 69 – сола, сокини деҳаи Найзирак, ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норак ҳангоми машғул шудан ба амалҳои хурофотӣ, аз ҷумла додани кӯрхату чашмбанд, чилбанду тӯмор, таштову оби қайтарма, риштаи сардарду миёндард ва кушоиши кор ба муштариёни соддаву зудбовари зиёде дастгир шудааст. Дастгиршуда бо усули ғайримаъмулӣ, “дуохонӣ дар хоки қабристон, ки гӯё шифо дода, ба кор пешравӣ меоварад”, амалҳои мардумфиребонаи худро идома дода истодааст.

Ба иттилои расида, қаблан санаи 21 феврали соли равон аз тарафи кормандони Шуъбаи ВКД дар шаҳри Норак нисбати Сафарбек Раҳматов бо моддаи 482 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ дода шудааст. Вале новобаста аз таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ин нафари мардумфиреб дидаву дониста даст ба як қатор амалҳои хурофотӣ задааст.

Мутаассифона, аксари муштарии ин шахси мардумфиреб, занони зудбовару гумроҳ ва хурофотпарасту ҷаҳолатпеша мебошанд. Дар доираи чорабиниҳои санҷишӣ 18 нафар зан дар назди дастгиршуда ҳузурдошта ба милитсия дастрас карда шуданд. Аз 18 нафар 8 нафар сокини ноҳияи Кушониён мебошанд.

Феълан нисбати Сафарбек Раҳматов парандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *