Душанбе: Қатъи як хатсайр ва ба роҳ мондани хатсайри дигар (аудио)

Аз 24-уми январ дар Душанбе фаъолияти хатсайри микроавтобусии №55А қатъ шуда, фаъолияти хатсайри автобусии №55 ба роҳ монда мешавад.

Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сар аз охири моҳи ҷорӣ фаъолияти микроавтобусии №55А (кӯчаи Фучик 60/1 — Терминали дарвозаи ҷанубӣ) қатъ мегардад ва дар ин росто хатсайри автобусии №55 (Терминали дарвозаи ҷанубӣ боғи “Локомотив”, бо кӯчаҳои Ҷанубӣ, Н. Қарабоев, А. Ҷомӣ, Соҳилӣ, С. Шерозӣ, С. Айнӣ, А. Дониш ва М. Мастонгулов) ба фаъолият оғоз мекунад.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.