Душанбе аз дурбини Дидор
Дар майдони “Истиқлол” – и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт намоиши аксҳои Душанбе баргузор гардид.
Дар он Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, Зиннатуллоҳ Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.














Дар намоиши мазкур 100 акси Дидор Саъдуллоев, аксбардори шинохтаи тоҷик рӯнамоӣ шуд.
Ин аксҳо аз маконҳои зебои сайёҳии пойтахт гирдоварӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки намоиш аксҳои Душанбе то 19-уми апрел идома ёфта, сокинону меҳмонони пойтахт имкон доранд барои тамошои аксҳо ба майдони “Истиқлол” -и пойтахт биёянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ