Душанбе: Боздошти ҷавоне бо гумони телефондуздӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шудааст.
Бино ба иттилои ВКД, номбурда 18-уми феврали соли 2023 тахминан соати 00:10 дақиқа бо роҳи пинҳонӣ ба дӯкони фурӯши телефонҳои мобилӣ, ки ба марди 35-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, даромада, аз он ҷо 4 адад телефонҳои мобилии гуногунтамға ва дигар таҷҳизотро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ аризаи марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 1-уми феврали соли 2023 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хӯроквориаш шуда, аз он ҷо маҳсулоти хӯроквориро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шудааст, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 24-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ