Душанбе хурраму зеботар мешавад

Шанбегиҳои умумишаҳрӣ дар доираи 150 рӯзи хуррамгардонии Душанбешаҳр, новобаста ба моҳи шарифи Рамазон, бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва солгарди Истиқлолияти давлатӣ  идома дорад.

Рӯзи истироҳатии 3 июн кормандону коргарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилоти соҳаҳои гуногуни пойтахт баҳри ободонию тозагӣ дар ҷойҳои кори худ шанбегӣ доир намуданд. Аз ҷумла омӯзгорону дигар кормандони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ  баҳри ободонии канали  хиёбони Ҳофизи Шерозӣ (дар назди МТҲУ №70)   саҳм гирифтанд. Дар ин ободонӣ, инчунин, омӯзгорони ҷавони  МТҲУ №11 ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷ. Раҳимов, С. Саидов, М. Убайдуллоев, Н. Насруллоев, К. Ёров, Н. Маҳмудов, С. Сафаров саҳм гузоштанд.

Наздики 60 нафар корманди Муассисаи давлатии «Меҳмонхонаи Душанбе» бошад, шанбегиашонро дар назари ҳазорон раҳгузар ва харидори  Маркази савдои «Садбарг» бо сарбаландӣ гузаронданд. Онҳо таҳти роҳнамоии роҳбарони муассиса дар тамоми шанбегиҳои умумишаҳрӣ низ фаъолона саҳм мегузоранд, чун эҳсос намудаанд, ки   бояд муқаррароти «Маромномаи сокинони пойтахт»-ро риоя кунанд ва  ҳарчӣ бештар ба ҳусни  пойтахти кишварамон, ки «хонаи умед»-и худ мехонанд,   ҳусн зам намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *