Душанбе: Маҳдудият дар ҳаракати нақлиёт

Аз 19-уми август ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар Душанбе аз кӯчаи Шероз то хиёбони С. Шерозӣ маҳдуд карда мешавад. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар дод.

Мақомоти шаҳри Душанбе сабабро дар гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи мошингарди кӯчаи Шевченко аз кӯчаи Шероз то хиёбони С. Шерозӣ гуфт.

Ҳамзамон, ҳукумати шаҳр аз ронандагон, сокинону меҳмонон дархост намудааст, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намоянд ва аз роҳҳои ҳамшафати сохтмон истифода баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *