Душанбе мизбони Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ
17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе бори аввал Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ доир мегардад.
Ин чорабинии сатҳи баланд бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ташкил карда мешавад.
Дар форум роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе, шарикони рушд, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, коршиносон, рӯзноманигорон ва блогерони соҳаи сайёҳӣ ширкат хоҳанд варзид.
Ҳадафи асосии форум таҳкими ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаи муваффақ миёни кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ба соҳа, рушду такмили инфрасохтор ва муаррифии бештари иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2007 узви Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ аст ва солҳои охир барои рушди сайёҳӣ иқдомҳои муҳими стратегиро амалӣ намуда истодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ